Sunday 6 June 2010

Девона шав

Ҳилат раҳо кун, эй дило, девона шавдевона шав,
В‐андар дили оташ даро, парвона 
шав, парвона шав.

Ҳам хешро бегона кун, ҳам хонаро вайрона кун,
В‐он гаҳ биё бо ошиқон ҳамхона 
шав, ҳамхона шав.

Рав синаро чун синаҳо ҳафт об шӯ аз кинаҳо,
В‐он гаҳ шароби ишқро паймона 
шав, паймона шав.

Бояд, ки ҷумла ҷон шавӣ, то лоиқи ҷонон шавӣ,
Гар сӯи мастон меравӣ, мастона 
шав, мастона шав.

Он гӯшвори шоҳидон ҳамсӯҳбати ораз шуда,
Он гӯшу ораз боядат, дурдон 
шав, дурдона шав.

Чун ҷони ту шуд дар ҳаво з‐афсонаи ширини мо,
Фонӣ шаву, чун ошиқон афсона 
шав, афсона шав.

Фазле бувад майлу ҳаво бинҳода бар дилҳои мо,
Мифтоҳ 
шав, мифтоҳро дандона шав, дандона шав.

Гар чеҳра бинмояд санам, пур 
шав аз ў чун оина,
В‐ар зулф бикшояд санам, рав, шона 
шав, рав, шона шав.

То кай душоха чун рухӣ, то кай чу байдақ камтакӣ,
То кай чу фарзин каҷравӣ? Фарзон 
шав, фарзона шав.

Шукрона додӣ ишқро аз тӯҳфаҳову молҳо,
Ҳил молро худро бидеҳ, шукрона 
шав, шукрона шав.

Як муддате аркон будӣ, як муддате ҳайвон будӣ,
Як муддате чун ҷон будӣ, ҷонона 
шав ҷонона шав.

Эй нотиқа, бар бому дар то кай равӣ, дар хона пар,
Нутқи забонро тарк кун, бегона 
шав, бегона шав.